Даъвати раиси ҲНИТ ба некбин будани аъзои ҷавони ҳизб

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар дафтари кории ҳизб бо масъулини шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб мулоқот орост. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин мулоқот масъалаҳои  омодагӣ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли 2015 дар кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд. Зимни вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки […]



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар дафтари кории ҳизб бо масъулини шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб мулоқот орост.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин мулоқот масъалаҳои  омодагӣ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли 2015 дар кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки «Наҳзат, ба вижа шуъбаи ҷавонони Наҳзат масъул аст, ки ҷавононро аз афтодан ба доми андешаҳои ифротӣ ва тундгароӣ пешгирӣ кунад».

«Набояд ба ҳама чиз аз нигоҳи рақобат назар андохт, балки ҷавононро аз ҳолати маъюсӣ ва дилсардӣ, ки боиси гароиши бештари онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд, берун кард. Аз Толибону Алқоида ҳанӯз халос нашуда, шоҳиди пайдоиши гурӯҳхои ифротии дигар дар чаҳони ислом шудаем, ки аллакай доманаи фаъолияти худро хеле зиёд тавсеъа додаанду сарони бисёре аз кишварҳо аз нуфузи онҳо бонги хатар мезананд», – гуфт ӯ.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин таъкид дошт, ки до дарназардошти шароити бади иктисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ, паҳншавии домани андешаҳои тунди ин гуна гуруҳҳо дар минтақа суръат пайдо кардааст, ки метавонад бисёриҳоро ғофилгир бисозад.

«Ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ дурнамои минтақа ва миллатҳоро дуруст таҳлил накардаанд ва мубориза алайҳи нирӯҳои муътадилро пеш гирифта, Исломро дар маҷмуъ ҳадаф қарор медиҳанд. Бо саркӯб ва тазъиф сохтани нирӯҳои демократӣ ва муътадили исломӣ заминаро барои пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав муҳайё карда истодаанд, ки окибати ин раванд барои миллату кишварҳо таъассуфбор хоҳад буд», – гуфт раиси ҲНИТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.