Таъхири ташрифи президенти Эрон ба Душанбе

Ташрифи президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе ба таъхир меафтад. Ӯ мебоист шоми рӯзи 9-уми сентябр ба Тоҷикистон омада, имрӯз соати 10 вохӯриҳои расмӣ баргузор мещшуданд, аммо то ҳанӯз сарвари давлати Эрон ба Душанбе ворид нашудааст. Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ташрифи Ҳасани Рӯҳонӣ ба […]



Ташрифи президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе ба таъхир меафтад. Ӯ мебоист шоми рӯзи 9-уми сентябр ба Тоҷикистон омада, имрӯз соати 10 вохӯриҳои расмӣ баргузор мещшуданд, аммо то ҳанӯз сарвари давлати Эрон ба Душанбе ворид нашудааст.

Аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ташрифи Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба таъхир афтодааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом сабабҳои техникӣ дер шудани сафар маълумоти саҳеҳ дода нашуд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе изҳор доштааст, ки аз замони ба Душанбе ташриф овардани Ҳасанӣ Рӯҳонӣ ҷониби Тоҷикистонро огоҳ хоҳанд кард. Тибқи маълумоти пешакӣ, президенти Эрон наздикиҳои нимаи имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад. Рӯзҳои 8-9-уми сентябр президенти Эрон бо сафари расмӣ дар Қазоқистон қарор дошт.

Тибқи маълумоти расмӣ, субҳи имрӯз мебоист маросими расмии вохӯрии сарони  кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, гуфтушуниди «як ба як»-и онҳо ва мулоқоти ҳайати васеъи кишварҳо ва ҳамчунин маросими имзои санадҳои дуҷониба доир мегардид.

Ҳамчунин дар Душанбе вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Президенти Эрон ҳамчунин бо Раиси палатаи поёнии палумон ва Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Санаи 11-уми сентябр Рӯҳонӣ бо намояндагони аҳли улуми Тоҷикистон мулоқот карда, рӯзи 12-уми сентябр баъди иштирок дар нишасти СҲШ аз Душанбе ба ватан бармегардад.

Ҳамчунин зимни сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикисион бояд маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» баргузор шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.