Муддати 2 рӯз Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад

Муддати 2 рӯз – 11-12-уми сентябр Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад. Имрӯз дар Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) сарони кишварҳои 10 давлати дунё – Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон, Эрон, Афғонистон, нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон гирдиҳам меоянд. Дар кишварҳои дар боло […]



Муддати 2 рӯз – 11-12-уми сентябр Душанбе ба пойтахти геополитикии сайёра табдил меёбад.

Имрӯз дар Душанбе ҷиҳати иштирок дар кори нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) сарони кишварҳои 10 давлати дунё – Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон, Эрон, Афғонистон, нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон гирдиҳам меоянд.

Дар кишварҳои дар боло зикршудаи сайёра аз нисф зиёди аҳолии ҷаҳон ба сар бурда, ба ҳиссаи онҳо 45-50%-и иқтисоди ҷаҳонӣ рост меояд. Чор кишвари дар ин нишаст иштирокдошта давлатҳои дорои аслиҳаи ҳастаӣ мебошанд.

Барои инъикоси кори нишасти СҲШ дар Душанбе беш аз 700 нафар намояндагони васоити ахбори умуми ҷаҳон, сиёсатшиносон ва коршиносон ба Душанбе ташриф овардаанд.

Дар рӯзҳои баргузории нишаст дар роҳҳои мошингарди маркази Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад. Сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуда, баҳри таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аз манотиқи кишвар ба пойтахт нерӯ ва воситахои иловагии сохторҳои қудратӣ сафарбар шудаанд.

Дар консерти пуршукӯҳ барои меҳмонони воломақоми нишасти СҲШ, ки шоми имрӯз дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мегардад, беш аз 800 нафар ҳунармандон иштирок мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.