Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шаҳодатномаи Фонди қарзии хурд (ФҚХ)-и «Мақсади дастгирӣ» бозхонда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаи ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисоботҳои саҳеҳу дуруст бозхонд гардидааст.
ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бо суроғаи – ҷамоати Янгишаҳри ноҳияи Ҷиргатоли вилояти Хатлон амал мекард.
Гуфта мешавад, аз ҷониби Бонки миллӣ дар бораи барҳамдиҳии фонди мазкур ба суд ариза пешниҳод карда шудааст.
Ҳамин тариқ, шумори фондҳои қарзии хурди шомил ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон то 38 адад кам шуд.


