Фонди Олмон 250 корманди бонкҳои Тоҷикистонро ба омӯзиш фаро мегирад

Чанде қабл миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинадории амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (Олмон) шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҳадафи аслии имзои шартнома такони нав бахшидан ба рушди низоми бонкдории Тоҷикистон тавассути такмили ихтисоси мутахассисони низоми бонкии кишвар то сатҳи байнулмилалӣ аст. Ба иттилои манбаъ, […]

Пайрав Чоршанбиев



Чанде қабл миёни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Фонди хазинадории амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (Олмон) шартнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ҳадафи аслии имзои шартнома такони нав бахшидан ба рушди низоми бонкдории Тоҷикистон тавассути такмили ихтисоси мутахассисони низоми бонкии кишвар то сатҳи байнулмилалӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, мавриди амали шартнома дарозмуҳлат буда, марҳилаи аввали он давраи аз 1-уми октябри соли 2014 то 1-уми сентябри соли 2017-ро дар бар мегирад.

«Дар ин давра ба омӯзиши дуалӣ (дар як вақт ҳам кору ҳам таҳсил) фаро гирифтани 250 нафар кормандони низоми бонкии ҷумҳурӣ дар назар аст», – гуфтанд дар БМТ.

Зимнан таъкид гардид, ки аксари қисмати машғулиятҳо амалӣ буда, дар ҷойҳои корӣ гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.