Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БИР ва БАТР

Date:



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо,Шариф Раҳимзода бо миссияи Бонки Исломии Рушд (БИР), ки таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҳишам Маъруф ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар аснои мулоқот бо Ҳишам Маъруф атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки мазкур дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, қаблан дар вазорат муовини аввали вазир, Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  (БАТР) мулоқот кард.

Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаригашта, омилҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои БАТР ва имкониятҳои ҳамкорию дар оянда маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши энергетикии кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...