Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ корманди саррраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Дар ин бора имрӯз
радиои «Озодӣ»
хабар медиҳад.
Боздоштшуда Далер Нақибов дар гирифтани пора ба мабалғи ниҳоят зиёд ба миқдори 4 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Замони боздошт ва чӣ муддат дар ҳабс қарор доштани Далер Нақибов алҳол маълум нест.
Ба иттилои радиои «Озодӣ», дар чаҳорчӯби ин парванда сардори сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ Манучеҳр Маҳками Маҳмудзода низ мавриди бозҷӯии мақомоти тафтишот қарор дорад.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Абдулфайз Атоев ин далелҳоро рад намуда, изҳор доштааст, ки «ин ҳама дурӯғ аст».
Зимнан зикр мегардад, ки Манучеҳр Маҳмудзода писари раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудов аст. Замоне,ки собиқ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар ИМА фаъолият дошт, Манучеҳр Маҳмудзода консулгарии генералии Тоҷикистон дар Вашингтонро роҳбарӣ мекард.
Соли 2013 Маҳмудов ба ҷойи Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин вазифа таъин шуд.


