Бознигарии санаи баргузории тантанаҳои ҷашни 90-солагии пойтахт

Чанде қабл дар машварати кории шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба чанд рӯз пештар доир намудани тантанаҳои истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи баргузории тантанаҳои истиқболи ҷашн таҷдиди назар шуда, мутобиқ ба он, санаи таҷлили ҷашни […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар машварати кории шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба чанд рӯз пештар доир намудани тантанаҳои истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, санаи баргузории тантанаҳои истиқболи ҷашн таҷдиди назар шуда, мутобиқ ба он, санаи таҷлили ҷашни мазкур аз 29-31-уми октябр ба 18-19 октябри соли 2014 гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 18-уми сентябр дар Кохи Ваҳдат ҷаласаи тантанавӣ бо консерти идона ва нимаи дуюми ҳамон рӯз тантанаҳои марбута дар чор боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳр дар сатҳи ноҳияҳо доир мегардад.

Рӯзи якшанбе, 19 октябр дар боғи Наврӯзгоҳ Карнавали идона  баргузор мегардад, ки дар он дилхоҳ сокини шаҳр имкон дорад фаъолона ширкат варзад. Бо мақсади омодасозии шаҳр ба ин ҷашни мавлудӣ дар ҷаласа қарор гардид, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди пойтахт бо ҷалби васеи  сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат ҳамчунин масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ ва таъмини амнияти истеъмолию ғановати бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, безараргардонии сагҳои дайду ва ҳолати таъмиру нигаҳдории роҳҳо, инчунин омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар иртибот ба ҳар кадом ба масъулин дастуру супоришоти дақиқ ироа карда шуд.

«Бо дахли масоили татбиқу риояи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби бошандагони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ ва Раёсати вазорати корҳои дихилӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки нисбати рафъи амалҳои номатлуби талбандагӣ дар шаҳр, ки мутассифона зиёдаравии ин  раванд вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро муассир амалӣ созанд», – омадааст дар хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.