Санҷиши маҳорати тирпарронии кормандони ҳайати раҳбарии Вазорати мудофиа

Дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайати шахсии афсарону прапоршикони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти раҳбарии муовинони вазири мудрфиа машғулиятҳои таълимии тирпарронӣ аз навъҳои гуногуни яроқ доир гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, барои […]

ASIA-Plus



Дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи равон бо ҷалби ҳайати шахсии афсарону прапоршикони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти раҳбарии муовинони вазири мудрфиа машғулиятҳои таълимии тирпарронӣ аз навъҳои гуногуни яроқ доир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқҳо, нуқтаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо шароити техникӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ ташкил карда шуда, нахуст ҳайати шахсии ҷамъомада, дар нуқтаҳои таълимии машқгоҳ ба омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.

«Афсарони масъул, ки машғулиятҳои таълимиро роҳбарӣ менамуданд, барои дар амал татбиқ намудани тамоми барномаҳои омӯзишӣ, ҳайати шахсии ба ҷамъомад ҷалбгардидаро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, аз аслиҳаи оташфишони сабуки ҷангӣ тирпаронӣ намуданд», – омадааст дар иттилои Вазорати мудофиа.

Гуфта мешавад, чунин машғулиятҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии афсарони ҷавон, мукаммалсозии таҷрибаи мутахассисони соҳа, омӯзишу истифодабарии навъи мухталифи яроқу аслиҳа мусоидат мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.