Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт.   Сухангӯи ширкат Вадим Долев мегӯяд, ки боздошти муваққатии парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр ба кам будани мусофирон вобаста аст.   «Зимни таҳлили бозори талабот ба хатсайри мазкур мо ба чунин хулоса расидем, ки талаботи он мавсимӣ аст, – […]

Виктория Наумова



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт.

 







Сухангӯи ширкат Вадим Долев мегӯяд, ки боздошти муваққатии парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр ба кам будани мусофирон вобаста аст.

 






«Зимни таҳлили бозори талабот ба хатсайри мазкур мо ба чунин хулоса расидем, ки талаботи он мавсимӣ аст, – изҳор дошт ӯ. – Ҳаракати ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр қатъ нагардидааст ва дар оғози мавсими тирамоҳ масъалаи аз нав барқароркунии он муҳокима хоҳад гардид».

 






Қобили зикр аст, ки вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон дар таърихи 2-уми апрел ба иҷрои парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр иҷозат дода буд. Тибқи дархости ширкати ҳавопаймоии Русия ҳукумати Тоҷикистон тартиби парвозҳоро аз 2-уми май то 25 октябр тасдиқ кард. Парвозҳо як маротиба дар як ҳафта, рӯзи ҷумъа тавассути ҳавопаймоҳои навъи Як-42 ба иҷро мерасиданд.







Маълумотнома:


Ширкати ҳавопаймоии «ВИМ-АВИА»-и Русия моҳи октябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Феълан ширкат дорои 14 ҳавопаймои миёнапарвози навъи


Boeing


757-200, се ҳавопаймои Як-42 ва ду ҳавопаймои навъи Ту-154М мебошад.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат