Сафири Олмон ва раиси ҲНИТ оид ба вазъи Тоҷикистон табодули афкор намуданд

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард. Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи мулоқотҳои ахири сафир, ки рӯзҳои наздик ваколаташ дар кишвари мо ба анҷом мерасад, оид ба вазъи феълии Тоҷикистон табодули […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард.






Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи мулоқотҳои ахири сафир, ки рӯзҳои наздик ваколаташ дар кишвари мо ба анҷом мерасад, оид ба вазъи феълии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.





Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи Тоҷикистон тайи ду соли ахир, ки Р.Мюллер ба ҳайси сафир ифои вазифа мекард, мавриди муҳокима қарор гирифт.





Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода сафир гуфтааст, ки «ӯ ба кор бо рӯҳу илҳом ва ҷаҳду талоши некбинона шурӯъ карда буд, вале имрӯз он рӯҳу илҳом заиф гаштааст».





«Ҳангоми баррасии рӯйдодҳои ахири кишвар ҷонибҳо ба чунин мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон кишварест, ки омилҳои хоси худро дорад ва ин ҷо мардум нисбат ба ҳукумат масъулияти бештареро ҳис мекунанд», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.





Ба иттилои сарчашма, сафир мавқеи ҲНИТ-ро нисбат ба рӯйдодҳо ва тамоилҳо дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат