Дар 22 вилояти Афғонистон кишти маводи мухаддир комилан барҳам дода шуд, – вазири корҳои дохилии Афғонистон

Date:



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Аз 34 вилояти кишвар дар 22 вилояти Афғонистон кишти маводи мухаддир комилан барҳам дода шуд», – изҳор дошт вазири корҳои дохилии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил, ки бо боздиди корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.






Ба гуфтаи ӯ, айни замон истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба маротиб поин рафта, «дар вилоятҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон кишти он умуман ба назар намерасад».





Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ


дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ 3,5 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки асосан аз Афғонистон интиқол дода мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, соли 2007 93 дарсади бозори қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон рост меомад.





Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ба рӯзноманигорон хабар дод, ки миёни вазоратҳо Ёддошти ҳамкориҳои муштараки мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории трансмиллӣ ба имзо расидааст.

 






Ҷаноби З.Муқбил ҳамчунин изҳор дошт, ки чанде қабл парлумони кишвараш нақшаи хурӯҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористиро аз шаҳри Кобул маъқул шуморидааст, зеро ба назари ӯ, аксари амалҳои террористӣ маҳз дар пойтахт рух дода, муқобили нерӯҳои эътилоф равона гардидаанд.





Дар шарҳи амали террористии ахир дар Кобул вазири кишвари ҳамсоя чунин ақида изҳор намуд, ки он кори дасти терррористоне аст, ки дар хориҷи кишвар омода мегарданд. «Ашхосе, ки даст ба амалҳои террористӣ мезананд, на дар қаламрави Афғонистон, балки дар хориҷи кишвар омӯзионида мешаванд», – афзуд З.Муқбил.

 




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...