Русия ба Тоҷикистон тибқи барномаи БОҶ 5 млн. $ ҷудо кард

Федератсияи Русия саҳмгузории 5 миллион доллар ба фаъолияти Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Бино ба иттилои намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон, ин кумаки молиявӣ ба фаъолияти БОҶ дар 66 ноҳияи мамлакат баҳри дастгирии аҳолӣ дар бунёди роҳҳои устувори амнияти озуқаворӣ мебошад. «Ин саҳмгузорӣ ба аҳолии деҳот барои сохтмони инфраструктура баҳри […]



Федератсияи Русия саҳмгузории 5 миллион доллар ба фаъолияти Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон, ин кумаки молиявӣ ба фаъолияти БОҶ дар 66 ноҳияи мамлакат баҳри дастгирии аҳолӣ дар бунёди роҳҳои устувори амнияти озуқаворӣ мебошад.

«Ин саҳмгузорӣ ба аҳолии деҳот барои сохтмони инфраструктура баҳри баланд бардории истеҳсолот ва самаранокии кишоварзӣ, дастгирии марказҳои тиббӣ дар мубориза бо норасоии ғизо миёни кӯдакон, таъмини маризони сил (ва оилаи онҳо) бо маводи хӯрока дар давраи табобат, дастрас намудани хӯрокаи гарм ҳаррӯза ба 350.000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва дастгирии мактабҳо дар ташкили боғи дарахтони ҳосилдиҳанда, равон мегардад», – гуфтааст Николас Оберлин, директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Федератсияи Русия донори асосии БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва давоми даҳ соли охир ба фаъолятҳои БОҶ маблағи 60 миллион доллари ИМА-ро саҳмгузорӣ намудааст. Инчунин дар холи хозир уҳдадории қавиро барои маблаггузории барномаи Хӯрока барои мактаббачагони Тоҷикистон, ки бо дастгирии БОҶ аз соли 1999 инҷониб амалӣ мегардад, ба зимма дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки БОҶ бузургтарин ташкилоти башардӯстонаи ҷаҳонист, ки бо гуруснагӣ дар сартосари ҷаҳон мубориза бурда, дар ҳолатҳои фавқуллода маводи ғизоӣ таъмин менамояд ва бо ҷомеаҳо дар эҷоди эътино ҳамкорӣ мекунад. Дар соли 2013, БОҶ ба 80 миллион одамон дар 75 мамлакати олам кумаки озуқаворӣ расонидааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.