Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад, – назари С.Сафаров

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад», – изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров дар маросими ба имзо расидани лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад», – изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров дар маросими ба имзо расидани


лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба


Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ».






Ба гуфтаи С.Сафаров, агар такмили қонунҳои зикргардида барои ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҳизбҳои мухолиф зарур аст, то онҳо тавонанд тавассути интихоботи демократӣ ва шаффоф ҳокимиятро ба даст гиранд, зиёда аз ин, ба ҳокимият имкон медиҳад, ки машрӯъияти худро мустаҳкамтар созад.





«Дар маҷмӯъ, ин воситаи беҳтаринест барои интихоби баргузидагони сиёсии кишвар, ки тавассути интихоботи демократӣ амалӣ мегардад ва он бояд ҳадафи аслии ҷомеаи мо бошад», – таъкид сохт ӯ.





С.Сафаров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки миёни ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳусни тафоҳум мавҷуд аст, ки онҳо як ҷо ҷамъ омадаанд, то масъалаи муҳими ҳаёти ҷомеаро муҳокима кунанд.





«Дар ҳоле, ки дар кишвар равандхои муҳим чараён доранд, аҳзоби сиёсии мо на ба гирдиҳамоӣ, балки барои таҳияи пешниҳодоти такмили қонунҳои интихоботӣ баҳри рушди минбаъдаи Тоҷикистон камар бастаанд, ки ин фоли нек аст», – истиқбол кард ҷаноби Сафаров.






 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.