Вазорати кишоварзии ҶТ бо маблағи бурси Бонки рушди Осиё 1 ҳазор тонна тухмии ғалладона мехарад

Date:



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад.






Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди баррасӣ қарор гирифт.





Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳаҷми хисороти расида ба соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот гузаронида, муайян карданд, ки он ба 320 млн. сомонӣ баробар аст.





«Зимни мулоқот қайд гардид, ки аз ҳама бештар зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ зарар дидаанд, ки маблағи он 70 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт сухангӯи вазорат.





Н.Додобоев изҳор дошт, ки дар оянда баррасии пешниҳоди вазорат бобати ҷудо кардани беш аз $400 млн. ҷиҳати таъминот бо тухмии ғалладонаи тирамоҳӣ, техника ва татбиқи барномаи рушди зерсохтори бахши кишоварзӣ дар назар аст.





«Вазорат ният дорад, бо ин маблағ аз Русия тухмии гандуми навъи краснодариро, ки ҳосилнокиаш ба 40 сентнер баробар аст, харидорӣ намояд», – зикр кард Н.Додобоев ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳӣ 50 ҳазор тонна тухмии ғалладона зарур аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...