Ҷустуҷӯи маҳбуси фирории ба номуси духтари 5-сола дастдарозикарда

Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард. Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Прокуратураи вилояти Хатлон маҳбуси фироркардаро, ки баъди гурехтан аз зиндон ба дастдарозӣ ба номуси духтари 5-сола гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.

Сармуфаттиши шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Саид Салимзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҳбус Намозалӣ Сатторов дар муассисаи ислоҳии «Кирпичная»-и шаҳри Ваҳдат барои дуздӣ адои ҷазо мекард, вале 15-уми сентябри соли равон аз зиндон гурехта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа маскан гирифта будааст.

«Дар ин шаҳр ӯ бо Г.З., зани бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудошуда шинос ва бо ӯ зиндагӣ мекардааст. Дар остонаи Иди Қурбон ӯ ба зан мегӯяд, ки духтари 5-сола ва писарчаи 3-соларо барои ба тартиб овардани мӯи сарашон ба сартарошхона мебарад, аммо писарчаро дар сартарошхона гузошта, духтачаро бо худ ба ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва дар яке аз майдонҳои он ҷо ба номуси духтарча таҷорвуз мекунад. Сокинони маҳаллӣ духтарчаро дар ҳоли беҳушӣ дарёфт кардаанд», – зикр кард Саидзода.

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Намозалӣ Сатторов бар асоси моддаҳои 130 қ. 3 (Дуздидани кӯдаки ноболиғ) ва 138 қ. 3, б. «а» (Таҷовузи кӯдаки ноболиғ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кард.

Прокуратураи вилояти Хатлон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки дар сурати ягон маълумоте доштан ё пайдо намудан аз Намозалӣ Сатторов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.


Дар акс маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.