Сокинони Рашт аз ҳама камтар бо барқ таъмин мешаванд

Аз лимити истифодаи барқ, ки аз 1-уми октябр ҷорӣ шуд, аз ҳама бештар сокинони ноҳияи Рашт ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Бино ба маълумоти дарҷгардида дар торнамои barknest.tj, сокинони Рашт дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат – аз соати 5-00 то 8-00-и субҳ ва аз 17-00 то 22-00-и шом бо барқ таъмин карда мешаванд. Шабонарӯзи гузашта […]



Аз лимити истифодаи барқ, ки аз 1-уми октябр ҷорӣ шуд, аз ҳама бештар сокинони ноҳияи Рашт ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Бино ба маълумоти дарҷгардида дар торнамои barknest.tj, сокинони Рашт дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат – аз соати 5-00 то 8-00-и субҳ ва аз 17-00 то 22-00-и шом бо барқ таъмин карда мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта ба шаҳру навоҳии Файзобод, Роғун ва Рӯдакӣ 9 соат ва Тоҷикободу Тавилдара, Нуробод, Ғончӣ ва Спитамен аз 10 то 12 соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тибқи маълумоти ин сомона, дар марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Душанбе, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Мастчоҳ таъмини шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ боқӣ мондааст.

Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Хатлон қатъи интиқоли барқ қариб ба мушоҳида нарасидааст, ба ҷуз ноҳияҳои Балҷувону Фархор, ки мутаносибан 14 соат ва 20 соат бо барқ таъмин шудаанд. Дар дигар қаламрави вилояти Хатлон нерӯи барқ шабонарӯзӣ (24 соат) интиқол дода шудааст. Шояд ин ба он марбут бошад, ки айни замон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон расман

реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ

ҷорӣ гардид.

Маъмулан фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои кишвар лимити истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият қариб то нимаи фасли баҳори соли оянда, то афзудани маҷрои об дар дарёҳо идома меёбад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби захирашуда дар обанборҳои нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.