Машғулиятҳои футболбози машҳури шӯравӣ барои мураббиёни тоҷик

Аз 15 то 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе тибқи барномаи ҳамраъйии олимпӣ давраҳои омӯзишии байнулмилалӣ барои мураббиёни футбол доир мегардад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, машғулиятҳоро дар ин давраи омӯзишӣ қаблан футболбози машҳури замони шӯравӣ, футболбози беҳтарин дар таърихи футболи Белорус, дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо (соли 1988) дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди […]



Аз 15 то 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе тибқи барномаи ҳамраъйии олимпӣ давраҳои омӯзишии байнулмилалӣ барои мураббиёни футбол доир мегардад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, машғулиятҳоро дар ин давраи омӯзишӣ қаблан футболбози машҳури замони шӯравӣ, футболбози беҳтарин дар таърихи футболи Белорус, дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо (соли 1988) дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ нимҳимоятгари дастаҳои «Динамо»-и Минск ва «Ювентус»-и Италия Сергей Алейников баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, Сергей Алейников дар як қатор дастаҳои фтуболи Италия ба ҳайси мураббӣ низ фаъолият кардааст.

Қобили зикр аст, ки Сергей Алейников дар дастаҳои «Динамо» Минск (солҳои 1981 – 1989), «Ювентус» Турин, Италия (1989 – 1990), «Лечче», Италия (1990 – 1993), «Гамба Осака», Япония (1993 – 1995), «Оддеволде», Шветсия (1996), «Корильяно», Италия (1997) ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар мусобиқоти Чемпионатҳои Аврупо (солҳои 1988 ва 1992), Чемпионати ҷаҳон (солҳои 1986 ва 1990) низ ширкат варзида, аз рӯи назарсанҷӣ ба муносибати 50-солагии Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) беҳтарин футболбози Белорус дар тӯли 50 сол эътироф гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.