САҲА Тоҷикистонро ба таъмини дастрасӣ ба интернет даъват мекунад

Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард. «Қатъи такрории дастрасӣ ба торнамоҳо дар Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир тамоили нигаронкунанда аст. Ин усулҳои муҷозотӣ ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати қабул ва паҳнкунии маълумот ва озодии матбуот зиёноваранд», – иброз […]



Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард.

«Қатъи такрории дастрасӣ ба торнамоҳо дар Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир тамоили нигаронкунанда аст. Ин усулҳои муҷозотӣ ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати қабул ва паҳнкунии маълумот ва озодии матбуот зиёноваранд», – иброз доштааст дар изҳороташ Миятович, ки санаи 7-уми октябр дар

сомонаи расмии САҲА

интишор гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дар бораи қатъ шудани дастрасӣ ба ҳудуди 300 торнамо ва порталҳои расонаӣ, аз ҷумла Vkontakte, Youtube ва Facebook хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯзи 7-уми октябр дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет

комилан дастнорас аст

. Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.