Шабдолов: Касоне, ки ба гирдиҳамойӣ даъват мекунанд, аз рӯҳияи издиҳом огаҳӣ надоранд

– Гурӯҳи шахсоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранду аҳолии ҷумҳуриро ба гирдиҳамойӣ даъват мекунанд, аз «рӯҳияи издиҳом» ва ҳақиқати одии тоҷикӣ – «Кӯр асояшро як бор гум мекунад» огаҳие надоранд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатмадори маъруфи тоҷик, пешвои коммунистон ва вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов. Ба гуфтаи Шабдолов, «аввали солҳои […]



– Гурӯҳи шахсоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранду аҳолии ҷумҳуриро ба гирдиҳамойӣ даъват мекунанд, аз «рӯҳияи издиҳом» ва ҳақиқати одии тоҷикӣ – «Кӯр асояшро як бор гум мекунад» огаҳие надоранд, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатмадори маъруфи тоҷик, пешвои коммунистон ва вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов.

Ба гуфтаи Шабдолов, «аввали солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба истилоҳ демократҳо ва исломгароёни тоҷик ба гирдиҳамойиҳои ғайриқонунӣ ва бемуҳлат ҷамъ омада, худ нафаҳмиданд, ки издиҳом ба наздикӣ аз таҳти назорати онҳо берун меравад ва ҷанги бародаркуш оғоз мегардад».

Дар идома ӯ аз гуфтаҳои файласуф, мутафаккир, сиёсатмадор ва нависандаи асрҳои XV-XVI-и Италия Никколо Макиавелли иқтибос овард, ки ба сиёсатмадорони замони худ чунин муроҷиат карда буд: «Ҷангҳо бо иродаи шумо оғоз меёбанд, вале бо хоҳиши шумо ба охир намерасанд».

«Шахсоне, ки ба ҳукумат норозигӣ баён карданианд, метавонанд аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ – баргузор намудани гирдиҳамойӣ ва раҳпаймоиҳои қонунӣ истифода кунанд, ки амнияти онхоро сохторҳои дахлдор таъмин мекунанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.