Прокуратураи генералӣ афви аъзои «Гурӯҳи 24»-ро ваъда мекунад

Прокуратураи генералии Тоҷикистон афви аъзои созмони «Гурӯҳи 24»-ро, ки ихтиёран сафҳои онро тарк мекунанд, ваъда мекунад. Дар ин бора дар иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дода мешавад. Зикр мегардад, ки мутобиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан […]



Прокуратураи генералии Тоҷикистон афви аъзои созмони «Гурӯҳи 24»-ро, ки ихтиёран сафҳои онро тарк мекунанд, ваъда мекунад. Дар ин бора дар иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дода мешавад.

Зикр мегардад, ки мутобиқи меъёрҳои Кодекси ҷиноии ҶТ, шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

«Аз замони мавриди амал қарор гирифтани ҳалномаи Суди олӣ дар бораи манъи фаъолияти «Гурӯҳи 24», ҳаргуна иштироки шаҳрвандон дар фаъолияти «гурӯҳи» номбурда тибқи Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳамчун ҷиноят эътироф гардида, мувофиқи моддаи 307-3 ҳамин Кодекс барои ин кирдор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст», – гуфта мешавад дар иттилои Прокуратураи генералӣ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми октябр Суди олии Тоҷикистон ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро

ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Раиси мурофиа судя Саломат Ҳакимова эълон кард, ки ҳамчунин тибқи ҳалномаи суд, дастрасӣ ба сомонаи интернетии ин гуруҳ дар қаламрави кишвар, воридоту паҳн ва нашри ҳама гуна адабиёту варақаҳо, сабтҳои аудиову видеоии  марбут ба «Гурӯҳи 24» низ манъ карда мешавад.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 

эълон намудани “Гурӯҳи 24” ҳамчун ташкилоти ифротгаро

(экстремистӣ) ва манъ кардани фаъолияти он аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.