Изҳороти Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи аврупоиву ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл

Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷиву сиёсати амниятӣ ва Дабири Кулли Шӯрои Аврупо ба муносибати Рӯзи аврупоиву ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл, ки имрӯз, 10-уми октябр таҷлил мегардад, изҳороти муштарак қабул намуданд. Дар изҳорот зикр мегардад, ки имрӯз – дар Рӯзи аврупоиву ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл – Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо бори […]



Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷиву сиёсати амниятӣ ва Дабири Кулли Шӯрои Аврупо ба муносибати Рӯзи аврупоиву ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл, ки имрӯз, 10-уми октябр таҷлил мегардад, изҳороти муштарак қабул намуданд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки имрӯз – дар Рӯзи аврупоиву ҷаҳонӣ алайҳи ҳукми қатл – Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо бори дигар мухолифати шадиди худро бар зидди ҳукми қатл дар тамоми ҳолатҳо ва таҳти ҳамаи шароитҳо иброз дошта, ӯҳдадории худро ҷиҳати барҳамдиҳии он дар саросари ҷаҳон таъкид менамоянд.

«Мо аз ақибнишиниҳои баъзе давлатҳо, ба монанди маҳкумсозиҳои сершумори ба наздикӣ суратгирифта, ки дар мавриди нафарони зиёд ҳукми қатл содир шуд, густариши истифодаи доираи ҳукми қатл дар қонунгузориҳои дохилӣ ё дубора қувваи эътибор бахшидан ба иҷрои ҳукми қатл баъд аз чанд соли худдорӣ, нигаронии амиқ дорем», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар тӯли 17 соли охир ҳеҷ ҳукми қатл иҷро нашудааст. Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо далелеро, ки ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳоло Протоколҳои 6 ва 13-и Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расониданд, пазироӣ менамоянд ва ҳамаи дигар кишварҳои Аврупоиеро, ки ҳанӯз ин корро ба анҷом нарасониданд, ҳидоят мекунанд, то онҳо низ ин санадҳоро, ки барои барҳам додани ҳукми қатл равона шудаанд, ба тасвиб расонанд.

Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо ҷиҳати ба наздикӣ амалигардонии ҳукмҳои қатл дар Ҷумҳурии Беларус – ягона кишвари аврупоӣ, ки ҳануз чунин шакли ҷазоро татбиқ мекунад – хеле мутаассифанд. Онҳо аз давлати Беларус бо қатъият талаб менамоянд, ки ҳамчун қадами аввал ба самти барҳамдиҳии ҳукми қатл, ҷазои ду шахси боқимонда, ки соли 2013 ба қатл маҳкум шудаанд, тағйир дода шавад.

Зикр мегардад, ки ҳар ду созмони мазкур иқдомҳои ба тозагӣ раҳандозикардаи Иттиҳоди Африқоро барои қабул кардани Протоколи иловагӣ ба Оинномаи ҳуқуқҳои инсону халқиятҳои Африқо ҷиҳати барҳам додани ҳукми қатл, истиқбол мекунанд. Инчунин, Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо аз тарафи якчанд давлат ба наздикӣ тасвиб шудани Протоколи дуюми ихтиёрии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро аз 15 декабри соли 1989, ки ба барҳамдиҳии ҳукми қатл нигаронида шудаанд, пазироӣ мекунанд ва ин амал ҳоло шумораи кишварҳои узви паймони мазкурро ба 81 давлат расонид. Онҳо тамоми давлатҳоеро, ки ҳанӯз ин протоколро ба тасвиб нарасонидаанд, ташвиқ мекунанд, то дар соли 2014 ба муносибати 25 солагиаш онро ба тасвиб расонанд.

«Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо аз тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) даъват ба амал меоранд, ки Қатъномаи мораторияи ҳукми қатлро, ки моҳи декабри соли 2014 дар ҷаласаи 69-ми Маҷмаъи кулли СММ ба овоздиҳӣ гузошта мешавад, пуштибонӣ намоянд», – даъват мешавад дар фарҷоми изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.