Гумонбарии котиби Суди олии иқтисодӣ ба порагирӣ дар ҳаҷми 52 ҳазор $



Котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон А.М.Асроров ба порагирӣ дар ҳаҷми 52 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, санаи 8-уми октябр шаҳрвандон Хоҷимуродова, Шокирова ва Толиббекова ба Агентӣ муроҷиат намуда, изҳор кардаанд, ки котиби Суди олии иқтисодӣ А.Асроров ба боварии онҳо даромада, бо ваъдаи мусоидат ба бекор кардани қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе нисбати театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора», ки даъвогари он Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат мебошад, аз онҳо 52 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст.

«Моҳи июни соли 2014 дар «назди «Маркази савдои марказӣ» ӯ аз Ҳоҷимуродова ва Шокирова 20 ҳазор $ ва ҳамин моҳ аз онҳо боз 10 ҳазор $-и дигар маблағ гирифтааст. Сарфи назар пас аз баррасии навбатӣ тағйир дода нашудани қарори суд, Асроров ба амалҳои худ идома дода, аз онҳо боз 22 ҳазор $ маблағ мегирад. Дар маҷмӯъ, маблағи гирифташуда ба сифати пора 52 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, нисбати Асроров А.М. парвандаи ҷиноятии бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, номбурда дастгир гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное