Ширкатҳои Русия дар азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққум саҳм гузоштанианд

Ширкатҳои ҶСК «Тяжмаш», ҶС «Машиностроительная компания «КРАНЭКС», «Хэнго» ва ҶСП «Интерводстройресурс» дар тендер оид ба азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқкум ширкат варзиданианд. Аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо намояндаи тиҷоратии Русия Михаил Кораблин дар ин бора […]



Ширкатҳои ҶСК «Тяжмаш», ҶС «Машиностроительная компания «КРАНЭКС», «Хэнго» ва ҶСП «Интерводстройресурс» дар тендер оид ба азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Қайроқкум ширкат варзиданианд.

Аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонов бо намояндаи тиҷоратии Русия Михаил Кораблин дар ин бора ибрози назар карда шудааст.

«Зимни мулоқот натанҳо иштироки ширкатҳои русиягӣ дар тендер, балки масъалаҳои таҳвили техникаву таҷҳизоти гуногун аз Русия барои эҳтиёҷоти бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла экскаваторҳо, дигар таҷҳизоти борбардор, қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра низ баррасӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки маблағгузории корҳои азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққумро Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба уҳда гирифт, ки дар марҳилаи аввали корҳо дар ҳаҷми 50 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Арзиши умумии амалисозии лоиҳа бошад, тақрибан 75,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.