Дар Вазорати кишоварзӣ поинравии нархҳо дар бозорро пешгӯӣ мекунанд

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад, ки ояндаи наздик нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон поин мераванд. Бино ба иттилои сомонаи Вазорати кишоварзии ҶТ, ин ба он вобаста аст, ки айни замон ба бозорҳои кишвар дар ҳаҷми зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ворид мешавад. «Аз вилояти Суғд ба бозорҳо пиёзу картошка ва аз вилояти Хатлон сабзӣ ворид шуда, […]



Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад, ки ояндаи наздик нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон поин мераванд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати кишоварзии ҶТ, ин ба он вобаста аст, ки айни замон ба бозорҳои кишвар дар ҳаҷми зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ворид мешавад.

«Аз вилояти Суғд ба бозорҳо пиёзу картошка ва аз вилояти Хатлон сабзӣ ворид шуда, ҳамчунин захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ кофист, то ки дар мавсими тирамоҳ аҳолӣ бо маҳсулот таъмин гардад. Ҳафтаи гузашта дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 2,6 тонна картошка, 4,4 тонна сабзавот, 9,3 тонна гандум ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ захира шуданд», – зикр мегардад дар маълумот.

Дар маълумоти вазорат, арзиши миёнаи маҳсулоти кишоварзӣ оварда шудааст. Тибқи ин маълумот, арзиши миёнаи 1 кило гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ – 13,60 сомонӣ, картошка – 2,40 сомонӣ, биринҷ – 8,25 сомонӣ, орд – 2,71 сомонӣ, гандум – 1,85 сомонӣ, шир – 3,43 сомонӣ ва шакар – 5,15 сомониро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо моҳи сентябр болоравии начандон зиёди нархҳо ба мушоҳида мерасад. Масалан, гӯшти мурғ ба ҳисоби миёна 50 дирам, шакар – 30 дирам, картошка – 05 дирам ва биринҷ 50 дирам гарон шудааст.

«Нисбат ба ҳафтаи гузашта коҳиши нарх ба гӯшти гов ба миқдори 30 дирам, карам – 49 дирам, равғани пахта – 02 дирам ба мушоҳида расида, дар муқоиса бо аввали моҳи октябри соли 2013 болоравии нархҳо ба гӯшти гов ба андозаи 4,33 сомонӣ, картошка – 53 дирам, гӯшти мурғ – 1,77 сомонӣ ба қайд гирифта шуд», – иттилоъ медиҳанд дар вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.