Дар Тоҷикистон расман дафтари кории яке аз ширкатҳои маъруфи олмонии истеҳсоли автомобилҳои дараҷаи олӣ – Mercedes-Benz (
консерн
и истеҳсоли автомобилҳои
олмонии
Daimler AG) ифтитоҳ гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳи дафтари кории ширкати Mercedes-Benz, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор гашт, автомобили насли нави Mercedes S class муаарифӣ шуд.
Дар Тоҷикистон ширкати Mercedes-Benz-ро ҶДММ «Starlex» намояндагӣ мекунад, ки шарики «Автокапиал Қазоқистон» низ мебошад ва маҳз ҳамин ширкат фурӯш ва хизматгузориҳои автомашинаҳои сабукрав ва боркаши хурди – Mercedes-Benz тариқи маркази мустақил ва хизматгузорӣ дар Душанберо амалӣ месозад.
Зимни конфронси матбоутӣ ба ин муносибат зикр гардид, ки дар муқоиса бо нархҳои бозори автомашинаҳои Тоҷикистон, арзиши автомобилҳои бевосита тариқи ширкат воридшаванда ба Тоҷикистон шояд 40-50% зиёдтар мешавад, аммо тамғаи аслӣ, сифат ва хизматгузории кафолатнок афзалияти муҳимтаре назди автомашинаҳои арзони шубҳанок касб хоҳанд кард.



