Афғонистону Покистон созишномаи транзитии CASA-1000-ро ба имзо расониданд

Афғонистону Покистон Созишнома дар бораи арзиши транзити нерӯи барқ тариқи қаламрави Афғонистон дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд. Бино ба иттилои сомонаи Департаменти давлатии ИМА, маросими имзои созишнома дар Вашингтон доир гардида, ИМА бо истиқбол аз он ба идомаи ҳамкорӣ тибқи лоиҳаи мазкур бо […]



Афғонистону Покистон Созишнома дар бораи арзиши транзити нерӯи барқ тариқи қаламрави Афғонистон дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои сомонаи Департаменти давлатии ИМА, маросими имзои созишнома дар Вашингтон доир гардида, ИМА бо истиқбол аз он ба идомаи ҳамкорӣ тибқи лоиҳаи мазкур бо кишварҳои иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон омодагӣ изҳор мекунад.

«Баъди анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 имкон фароҳам оврада мешавад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол дода шавад,  то ки норасоии таъмини нерӯи барқ дар ин кишварҳо бартараф гардад, – омадааст дар иттилоъ. – Созишнома дар бораи арзиши транзити нерӯи барқ яке аз иқдомоти муҳими ниҳоӣ дар самти анҷоми қарордод оид ба таҳвили нерӯи барқ буда, ба мададрасони дигар ҷиҳати ба уҳда гирифтани амалисозии лоиҳа мусоидат хоҳад кард».

Санаи 27-уми марти соли 2014 Бонки ҷаҳонӣ қарз дар ҳаҷми 526,5 млн. доллари ИМА барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро маъқул шуморид, ки аз ин миқдор маблағ 316,5 млн. $ ба Афғонистон, 120 млн. $ – ба Покистон, қарз ва бурс ба маблағи умумии 45 млн. $ ба Қирғизистон ва қарз дар ҳаҷми 45 млн. $ ба Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Моҳи сентябри соли равон зимни вохӯрии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот дар Душанбе

масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ

, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ шуд. Lар ҷараёни мулоқот таъкид шудааст, ки Агентӣ оид ба рушди ИМА ҷиҳати амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ҳудуди 7,5 млн. ва Бонки ҷаҳонӣ – 45 млн. доллари ИМА ҷудо карда, баҳри сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳа Бонки исломии руш низ боз ҳудуди 70 млн. доллари ИМА ихтисос доданист.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.