Ба қонун «Дар бораи милитсия» тағйироти навбатӣ ворид мешавад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» баррасӣ гардид.        Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, аз рӯи масъалаи мазкур вакили […]



Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» баррасӣ гардид.

      

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, аз рӯи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Саттор Холов суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавие, ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд, инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар рафти бетартибиҳои оммавӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.     

Ба иттилои манбаъ, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонунҳо ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, Дар бораи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муҳокима ва баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар хотимаи ҷаласаи Шӯро қисме аз масъалаҳоро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рузи 15 –уми соли ҷорӣ баргузор мегардад ва қисми дигарро барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.