Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барқарор шуд

Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – – www.news.tj имрӯз барқарор шуд. Санаи 10-уми октябр дастрасӣ ба он аз ҷониби аксари ширкатҳои фароҳамсози интернет қатъ гардида буд. Аксари корбарони сомона танҳо тариқи прокси-серверҳо ба сомона дастрасӣ доштанд. Ба «Азия-Плюс» алҳол сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона маълум нест. Тамос гирифтан бо Хадамоти алоқа ҷиҳати рӯшанӣ андохтан […]



Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» – –


www.news.tj


имрӯз барқарор шуд. Санаи 10-уми октябр дастрасӣ ба он аз ҷониби аксари ширкатҳои фароҳамсози интернет қатъ гардида буд. Аксари корбарони сомона танҳо тариқи прокси-серверҳо ба сомона дастрасӣ доштанд.

Ба «Азия-Плюс» алҳол сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона маълум нест. Тамос гирифтан бо Хадамоти алоқа ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала муяссар намешавад.

Имрӯз, 13-уми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба дигар сомонаҳо, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, торнамоҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии TojNews, CA-News, Faraj  ва ғайраро низ барқарор намуданд.

Давоми ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, сомонаҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии Русия ва ҳамчунин анонимайзерҳо, ки тариқи он сарфи назар аз қатъи дастрасӣ метавон ба сомона роҳ ёфт, қатъ карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки аз субҳи 11-уми октябр муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории 

ирсоли смс-паёмак 

дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.

Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд. Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.

Дар робита ба ин амалҳо намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба 

таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет

 даъват кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.