Сафорати ҶТ: Муҳоҷирони кушташуда қирғизистонианд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум кардааст, ки дар кӯчаи Миклухо-Маклайи шаҳри Маскав ду муҳоҷир аз Қирғизистон кушта шудаанд. Матбуоти Русия қаблан хабар дод, ки дар инҷо ду тоҷикро куштаанд. Бино ба иттилои намояндаи сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ду муҳоҷири кушташуда дар ҷангалаки кӯчаи Миклухо-Маклай дар ҷанубу ғарбиии шаҳри Маскав зодагони Қирғизистон будаанд, на […]


Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум кардааст, ки дар кӯчаи Миклухо-Маклайи шаҳри Маскав ду муҳоҷир аз Қирғизистон кушта шудаанд.

Матбуоти Русия қаблан хабар дод, ки дар инҷо ду тоҷикро куштаанд.

Бино ба иттилои намояндаи сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ду муҳоҷири кушташуда дар ҷангалаки кӯчаи Миклухо-Маклай дар ҷанубу ғарбиии шаҳри Маскав зодагони Қирғизистон будаанд, на шаҳрвандони тоҷик.

«Масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти ин кишвар талаб кардаанд, қазияи ҳамла ба Баҳриддин Шаропов ва захмӣ шудани ин муҳоҷири тоҷикро одилона таҳқиқ карда, аз ҷузъиёташ онҳоро огоҳ намоянд. Шаропов сокини участкаи Комсомоли ноҳияи Рӯдакӣ буда, ҳоло вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд аст», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи сафорат гуфт, рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ барои ошноӣ бо вазъи ин муҳоҷири тоҷик Бадриддин Мирзоев – корманди сафорат ба беморхонаи рақами 7-и Маскав рафта, бо ҷарроҳ Дмитрий Волков низ дар бораи Баҳриддин Шаропов суҳбат кардааст ва бино ба қавли духтури ҷарроҳ, ҳоло Баҳриддинро аз шӯъбаи эҳё ба палатаи умумӣ гузаронида, вазъаш хеле хубтар боиси ташвиш нест.

Зимнан зикр гардид, ки  сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки дар ҷараёни ин ҳодиса аст, ба кормандони сафорат дастур дод, аз аҳволи ин шаҳрванд мунтазам огоҳ бошанд. «Инчунин, аз мақомоти Русия талаб шудааст, то ҳарчи зудтар аз ҷараёни таҳқиқ ва тафтишоти ин ҳодисаи хунин сафоратро дар ҷараён гузоранд», – афзуд номбурда. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.