Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро тақрибан 42% афзуда, даромади ҷумҳурӣ аз фурӯши барқ аз нишондиҳандаи соли гузашта 34% зиёдтар шуданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 38,2 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар 1 млрд. 169 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 823,7 млн. кВ/соат ба маблағи умумии 28,5 млн. доллари ИМА баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли 2014 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 7,2 млн. доллари ИМА 223 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд.
Бино ба маълумоти ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик», нерӯи барқи Тоҷикистон асосан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми нерӯи барқи интиқолёфтаи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 968 млн. кВт/соат ба маблағи 33 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо соли 2012 дар соли 2013 ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 43% ва дар нишондиҳандаи пулӣ – 56% афзуд.



