Вохӯрии дипломати тоҷик бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия



Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Илёс Умахонов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни суҳбат масоили омодагӣ ба Конфронси III-юм оид ба ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия ва Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон»: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки ҳафтаи оянда дар пойтахти Русия доир мегарданд, баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар форуми зикршуда раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, муовинони нахуствазири Тоҷикистон, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ва ҳамчунин намояндагони сохторҳои дахлдор аз ҷониби Русия ширкат варзида, атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо дар самти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкории гуманитарӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное