Суди ноҳияи Синои пойтахт ду намояндаи ширкати «Ҳафт бурҷ» – Олим Маъруфов ва Ориф Расуловро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Сулаймон Қосимов дар ин робита хабар дод, пас аз анҷоми муҳлати ҷазо, ба онҳо дар муддати 4 сол ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ шудааст.
Нисбати ин намояндагони ширкат 158 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят кардаанд, ки ба тиҷорати ширкат маблағҳои гуногуни пулӣ ворид намуда, вале фиреб хӯрдаанд. Шумори мизоҷони ширкати «Ҳафт бурҷ» дар маҷмӯъ беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан Олим Маъруфов ва Ориф Расулов тамоми айбномаҳоро рад карда буданд. Рӯзи 15 октябр дар сухани охиринашон дар суд онҳо изҳор доштанд, ки айбномаҳои нисбаташон пешниҳодшуда асос надоранд ва онҳо ҳеҷ гоҳ бо роҳи фиреб аз мизоҷон кӯшиши маблағи пулӣ гирифтанро накардаанд.
Олим Маъруфов дар толори суд гуфт: «Агар ман гунаҳкор мебудам, ҳеҷ гоҳ аз Дубай барнамегаштам. Бо пулҳои ҷамъоваришуда мо мол хариду фурӯш карданӣ будем, ки ҳам ба манфиати мо ва ҳам ба манфиати мизоҷон буд, вале вақте фаъолияти моро боздоштанд, дигар мо натавонистем ба пешравие ноил гардем».
Ориф Расулов илова кард: «Ҳеҷ гоҳ дар бораи қаллобӣ фикр накардаам. Тамоми пулҳоро мо аз мизоҷон дар асоси ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ намудем ва мо чӣ гуна харҷ кардани ин пулҳоро шарҳ дода метавонем».
Адвокати маҳкумшудагон аз суд дархост намуд, ки ду нафар зерҳимояашро озод созанд, то ки онҳо маблағҳои пулии мизоҷон дар ҳаҷми 618 ҳазор доллари ИМА-ро баргардонанд, вале суд дархости онҳоро бо асоси дар қонун пешбинӣ нашудани он, ба инобат нагирифт.



