Ба сафҳои ҲХДТ пайвастани 45 нафар нафақахӯрони Исфара



Чанде қабл дар дафтари кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба 45 нафар нафақахӯрон аз ҷамоати Хонобод, ки барои узвият ба сафҳои ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаҳои аъзои ҲХДТ супурда шуд.

Мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара М.Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими супурдани шаҳодатномаҳои узвият ба ҳизб раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муртазо Эгамов аъзои нави ҳизбро табрик гуфта, зикр крадааст, ки барои узвият ба ҲХДТ аз рӯи синнусол ҳеҷ маҳдудияте ҷой надорад.

Камолиддин Шарифов ба сафҳои ҲХДТ пайвастани худро дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» чунин шарҳ дод, ки сарфи назар аз синнусол, дар ҳаёти созандаи ҷомеа иштирок карда, ба рушди кишвар саҳми худро гузоштанист.

Зимнан зикр гардид, ки беш аз 100 нафар соҳибхоназанон аз ҷамоати Шаҳрак низ барои узвият ба ҲХДТ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуда, баъди барррасии аризаҳо, ба онҳо низ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки соли равон зиёда аз 1 ҳазор нафар сокинони шаҳри Исфара ба сафҳои ҲХДТ пайваста, шумори аъзои ҳизб дар ин минтақа ба беш аз 8 ҳазор нафар расид, ки дар 145 ташкилотҳои ибтидоии ҳизб муттаҳид шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное