Дар Хуҷанд аҳзоби сиёсӣ масоили иштирок дар интихоботи парлумониро баррасӣ мекунанд

Рӯзи 22-юми октябр намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон лар кори мизи гирд таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот ба парлумон» дар шаҳри Хуҷанд ширкат меварзанд, ки аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии кишвар ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР»-и Тоҷикистон хабар дод, барои иштирок […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 22-юми октябр намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон лар кори мизи гирд таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот ба парлумон» дар шаҳри Хуҷанд ширкат меварзанд, ки аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии кишвар ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР»-и Тоҷикистон хабар дод, барои иштирок дар кори мизи гирд ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҳамчунин коршиносон, сиёсатшиносон ва дигар намояндагони КМИР даъват шудаанд.

«Дар кори мизи гирд атрофи масъалаҳои марбут ба иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи инихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда ва тағйироти қабулшуда ба қонунгузории интихоботии кишвар табодули назар сурат хоҳад гирифт», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба иштирокчиёни мизи гирд дар бораи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва интихоби аъзои комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ маълумот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро

муайян карданд.

Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 17-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.