«Меҳргон»-ро дар Шӯрообод бо фестивали себ ҷашн гирифтанд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод иди «Меҳргон» бо фестивали пуршукӯҳи себ ҷашн гирифта шуд, ки дар он беш аз 500 нафар иштирок карданд. Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки дар баргузории ин чорабинӣ ташкилоти ҷамиятии «Зан ва Замин»-и ҷамоати мазкур саҳми беандоза гузоштанд. «Дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод иди «Меҳргон» бо фестивали пуршукӯҳи себ ҷашн гирифта шуд, ки дар он беш аз 500 нафар иштирок карданд.

Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки дар баргузории ин чорабинӣ ташкилоти ҷамиятии «Зан ва Замин»-и ҷамоати мазкур саҳми беандоза гузоштанд.

«Дар фестивал натанҳо боғдорону фермерону соҳибкорон, шоирону омӯзгорон ва толибилмони мактабҳои ноҳия, балки намояндагони Академияи илмҳои ҶТ, Фонди Кристинсен дар Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Пажуҳишгоҳи боғдорӣ ва сабзавотпарварии Акдемияи илмхои кишоварзӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва бисёр ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар низ ҳузур доштанд», – иброз дошт ӯ.

Тавре А.Икромов қайд кард, агар Муъминобод бо навъҳои картошкаи худ машҳур бошад, Шӯрообод бо навъҳои хусифати себаш маъруф аст ва вазифаи асосӣ нигоҳ доштани гуногуншаклии биологӣ бо таваҷҷуҳ ба навъҳои маҳаллии мева ва дигар зироатҳо аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар баргузори чорабинии мазкур мебояд кумаки назарраси ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт» таҳти раҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоевро низ қайд намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.