Субҳияи 9-сола дарёфт ва ба волидонаш супурда шуд

Пас аз як шабонарӯзи бедарак шудан, кормандони милиса Субҳияи Абдуназари 9-солаи сокини пойтахтро дарёфт ва ба волидонаш супурданд. Модари Субҳия ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки духтарчаро, ки рӯзи гузашта бедарак шуда буд, дар мавзеи наздики Кӯли ҷавонон як зани фурӯшандае дида, ба хонааш бурдааст ва субҳ дар ин бора ба мақомоти милиса […]

ASIA-Plus



Пас аз як шабонарӯзи бедарак шудан, кормандони милиса Субҳияи Абдуназари 9-солаи сокини пойтахтро дарёфт ва ба волидонаш супурданд.

Модари Субҳия ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки духтарчаро, ки рӯзи гузашта бедарак шуда буд, дар мавзеи наздики Кӯли ҷавонон як зани фурӯшандае дида, ба хонааш бурдааст ва субҳ дар ин бора ба мақомоти милиса хабар додааст.

Ба гуфтаи волидони духтар, ки ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда буданд, соати 11-и рӯзи якшанбе Субҳия ба берун барои сайругашт баромада, дигар ба хона барнагашта буд. Онҳо ба кормандони милиса муроҷиат карда, сокинони хонаҳои гирду атрофро пурсуҷӯ карда буданд, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз падару модарон даъват мекунанд, ки ба фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро бенигоҳубин нагузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.