Зайд Саидовро боз тибқи 5 моддаи КҶ айдор мекунанд

Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов мегӯяд, ҳафтаи гузашта гурӯҳи фаврии Агентии зиддифасод нисбати зерҳимояи ӯ боз як қатор айбномаҳоро пешниҳод кардааст: «Ин айбномаҳоро аз 16 то 18-уми октябр пешниҳод намуданд ва мо он ҷо ҳузур доштем, вале то ҳол ин санадҳоро ба мо надодаанд». Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба Зайд Саидов аз […]

Ҳумайро Бахтиёр



Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов мегӯяд, ҳафтаи гузашта гурӯҳи фаврии Агентии зиддифасод нисбати зерҳимояи ӯ боз як қатор айбномаҳоро пешниҳод кардааст: «Ин айбномаҳоро аз 16 то 18-уми октябр пешниҳод намуданд ва мо он ҷо ҳузур доштем, вале то ҳол ин санадҳоро ба мо надодаанд».

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба Зайд Саидов аз рӯи моддаҳои 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке,  ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) айбномаҳо пешниҳод гардидаанд.

Исҳоқ Табаров зикр кард, ки бо айбномаҳои нави пешниҳодшуда розӣ нестанд, вале то дастрас кардани санадҳои расмӣ, дигар чизеро шарҳ дода наметавонанд.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.