Раиси Хатлон: Ба ҷойи харидории мошинҳои гаронарзиш корхона созед

Зимни сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор намуд, ки ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатӣ табдил ёфтааст.  «Соҳибкорони ноҳияи Ёвон танҳо дар ҳамин сол 10 корхонаи саноатии бузург, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз 1 млн. тонна дар як сол ба маблағи 105 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ, фабрикаи […]

Сайраҳмон Назриев



Зимни сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор намуд, ки ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатӣ табдил ёфтааст.

 «Соҳибкорони ноҳияи Ёвон танҳо дар ҳамин сол 10 корхонаи саноатии бузург, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз 1 млн. тонна дар як сол ба маблағи 105 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ, фабрикаи мурғпарварӣ барои парвариши 540 ҳазор сар мурғ ва истеҳсоли 1,8 ҳазор тона гӯшти мурғ дар як сол, корхонаи дӯхти либосҳои кӯдакона ва ҷуроб бо иқтидори 1 ҳазор ҷуфт либоси кӯдакона ва 750 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як моҳ, корхонаи истеҳсоли варақаҳои оҳаксанг(гипсокартон), корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 15 ҳазор тонна пахта дар як сол ва фермаи парвариши чорвои калони шохдорро ба истифода медиҳанд», – гуфт раиси вилоят.

Ба қавли ӯ, «соҳибкорони ноҳияи Ёвон гуфтаҳои президенти мамлакат дар Паёми охирин, ки «давлати Тоҷикистонро бояд ба давлати индустриалӣ табдил бидиҳем», тавонистанд дар амал татбиқ намоянд».

«Аммо соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз чӣ бошад чунин иқдоми соҳибкорони ёвониро дар ноҳияи худ амалӣ намекунанд. Ҳамон соҳибкорони ёвонӣ низ мисли Шумоянд.  Корхонаҳои саноатии ноҳияи Ҷ.Румӣ нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҳамагӣ 75% иҷро кардаанд. Дар дигар ноҳияҳо, аз ҷумла Ёвон вазъ дигар аст, ки бояд Шумо омӯзед», – қайд кард Гулмаҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамчунин қайд кард, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ соҳибкорони муваффақ зиёданд, ки имкони таъсиси корхонаҳои саноатиро доранд. «Бубинед, ки дар 100-200 ҳазор доллар мошин мехарему як корхона намесозем. Он мошинҳои қиматбаҳои Шуморо фардо фарзандонатон савор намешаванд, зеро куҳна хоҳанд шуд. Агар дар ҳамон 100-200 ҳазор доллар як корхона бисозед, барои фарзандонатон мероси хубе хоҳад шуд, – илова кард раиси вилоят.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.