Баррасии масоили омодагӣ ба Муколамаи ИА-ОМ оид ба амният дар Брюссел



Дар доираи сафар ба шаҳри Брюссел вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 21 октябри соли 2014 бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид мулоқот барпо намуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот мусоҳибон раванди рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карда, инчунин оид ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин рафти корҳои тадорукотӣ барои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо (ИА)-Осиёи Марказӣ (ОМ) оид ба амниятро, ки дар шаҳри Душанбе дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар назар аст, муҳокима карданд.

spot_imgspot_img

Популярное