Идомаи коҳиши содироти алюминий аз Тоҷикистон

Соли равон Тоҷикистон тақрибан ба андозаи ҳудуди 40% содироти алюминий ба хориҷи кишварро коҳиш дод, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бино ба маъмлумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2014 ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 39,7% […]

ASIA-Plus



Соли равон Тоҷикистон тақрибан ба андозаи ҳудуди 40% содироти алюминий ба хориҷи кишварро коҳиш дод, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Бино ба маъмлумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2014 ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 39,7% ва аз рӯи арзиш 41,7% камтар шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 173,1 млн. доллари ИМА 94,4 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар 156,5 ҳазор тонна ба маблағи умумии 293,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли равон ҳаҷми содироти алюминий аз Тоҷикистон ба 10,2 ҳазор тонна ба маблағи умумии 20,1 млн. доллари ИМА баробар шуд.

Алюминии Тоҷикистон асосан ба Туркия ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Русия ва Чин содирот карда мешавад.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, камтар аз 150 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 аз рӯи ҳаҷм 25% ва аз рӯи арзиш 30% коҳиш ёфта, 200 ҳазор тонна ба маблағи умуии 370 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.