Дархости Тоҷикистон аз Русия оид ба соддакунии низоми имтиҳонот барои муҳоҷирон

Дар доираи сафар ба Русия раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Маскав бо муовини аввали нахуствазири Русия, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисод Игор Шувалов дидору гуфтушунид кард. Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, зимни гуфтушунид […]

Аваз Юлдошев



Дар доираи сафар ба Русия раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Маскав бо муовини аввали нахуствазири Русия, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисод Игор Шувалов дидору гуфтушунид кард.

Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, зимни гуфтушунид бо иштироки ҳайати васеи ҳукуматҳо ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи низоми соддаи супурдани имтиҳонҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик аз забони русӣ ва таърихи Русия, ҳамчунин роҳандозии супурдани ин имтиҳонҳо бевосита дар худи Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

«Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан ба имзорасида миёни Тоҷикистону Русия низ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми масъалаҳои баррасишуда мавриди омӯзиши дақиқи гурӯҳҳои корӣ қарор гирифта, сипас барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии кишварҳо пешниҳод мегарданд», – гуфт Саидов.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми сентябр муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани иҷозатномаи кор ба супурдани имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар уҳдадор шуданд. Агар шахсе, ки хоҳиши ворид шудан барои  кор ба Русияро дошта бошад, дар сурати надоштани ҳуҷҷат дар бораи маълумоти Иттиҳоди Шӯравӣ то 1 сентябри соли 1991, бояд ин имтиҳонҳоро супорад ва ба сертификати дахлдор соҳиб шавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати кишвар, ҳамасола ҳудуди 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр мекунанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.