Дар Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати сохибкори маъруф, собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов, ки дар суистеъмол аз ваколат зимни хусусигардонии иншооти давлатӣ муттаҳам дониста мешавад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, Саидов ҳамчунин дар азхудкунии ғайриқонунии саҳмияҳои як қатор иншооти ватанӣ айбдор карда мешавад, ки аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи умумии ҳудуди 2 млн. сомонӣ харида шуда буданд.
«Саҳмияҳои зикршударо Саидов қариб ройгон ба даст оварда, бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноятҳои худ онҳоро барои ниҳон доштани манфиатдории шахсӣ, дар асоси ҳуҷҷатҳои сохтакорона омодакардашуда, ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ки дар шиносномаи охирин санаи таваллудаш «25 апрели соли 1978», яъне 4 сол калон қайд карда шуда буд, ғайриқонунӣ расмӣ гардонид», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Дар хабари маркази матбуоти Агентии зиддифасод ҳамчунин зикр мегардад, ки ба сифати роҳбари ширкати сохтмонӣ Зайд Саидов зимни бунёди биноҳои «Душанбе-Плаза» ва мактаби таҳсилоти умумии №8-и пойтахт ҳудуди 34 млн. сомониро азхуд карда, аз супоридани андозҳо ба буҷет бо назардошти ҷаримаҳо аз сохтмони ин иншоот ба маблағи умумии ҳудуди 16 млн. сомонӣ саркашӣ намудааст ва барои рӯйпӯш сохтани маблағҳои шахсан азхудкардааш, оид ба иҷрои корҳо дар ҳаҷми 24 млн. сомонӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додааст.
Гуфта мешавад, дар доираи ин парванда ба 14 нафар ҳамшарикони эҳтимолии Зайд Саидов, аз ҷумла, 4 нафар масъулини ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 нафар мутасаддиёни Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 нафар масъулини ширкатҳои тиҷоратӣ низ айбнома пешниҳод шудааст.



