Кабирӣ аъзои ҳизбро ба омодагӣ ба фишори ҳукуматдорон даъват кард

Дар бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар шаҳри Душанбе доир гардид. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҲНИТ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Муҳидин Кабирӣ қайд кард, ки интихоботи ахири моҳи феврал пешбинишуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тафовут хоҳанд дошт. […]

ASIA-Plus



Дар бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолони ҳизб дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҲНИТ, зимни суханронӣ назди ҳозирин Муҳидин Кабирӣ қайд кард, ки интихоботи ахири моҳи феврал пешбинишуда ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ тафовут хоҳанд дошт.

Раиси ҲНИТ таъкид дошт, ки агар дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 фишори ҳукуматдорон дар охири ҷараёни интихобот сурат гирифта бошад, аз истисно дур нест, ки дар интихоботи соли оянда фишор ва монеъагузориҳо ба ҳизб аллакай дар аввали маъракаи итихоботӣ эҳсос хоҳанд шуд.

Раиси ҲНИТ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ба чунин фишорҳо омода бошанд ва таъкид намуд, ки ба интихобот ва муқовимат ба фишорҳо мебояд дар доираи қонунгузории амалкунанда омодагӣ гирифт.

Дар посух ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ бори дигар онҳоро ба таҳаммулпазирӣ ва устуворӣ дар амалҳо  даъват кард.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.