Дар Тоҷикистон шояд вазорати иттилоот ташкил гардад

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Дар Тоҷикистон шояд мақомоти тозае баҳри муттаҳиду ҳамоҳангсозии фаъолияти васоити ахбори омма (ВАО) ташкил дода шавад», – изҳор дошт имрӯз сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Маҳмудхон Сараев. Имрӯз зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тавсеаи муколамаи озод миёни мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳӣ ва созмонҳои телевизиону радио […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Дар Тоҷикистон шояд мақомоти тозае баҳри муттаҳиду ҳамоҳангсозии фаъолияти васоити ахбори омма (ВАО) ташкил дода шавад», – изҳор дошт имрӯз сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Маҳмудхон Сараев.






Имрӯз зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тавсеаи муколамаи озод миёни мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳӣ ва созмонҳои телевизиону радио дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ» ӯ гуфт, ки шояд он вазорати иттилоот ном гирад. Конфронси мазкур пагоҳ низ идома меёбад.





Дар ҳамин ҳол, М.Сараев бо ишора ба консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, зикр кард, ки санади номбурда ташкили чунин мақомотро пешбинӣ мекунад.





Ба қавли ӯ, айни замон соҳаи ВАО-и чопиро Вазорати фарҳанг ва электрониро Кумитаи радиову телевизиони назди Ҳукумати ҶТ назорат мекунад, вале ин ба талаботи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот ҷавобгӯ нест.





«Ин соҳаи таблиғотӣ аст ва мо бояд дар ҳамдастӣ баҳри рушди он кӯшиш ба харҷ диҳем», – афзуд М.Сараев.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.