Таваҷҷуҳи АМА ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон

Дар суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму […]

ASIA-Plus



Дар суҳбати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем”.

Зикр гардид, ки Аморот дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳам ягона кишвари арабӣ аст, ки бо Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дорад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Аморот, бахусус дар арсаҳои иқтисодӣ, ҳанӯз сатҳи сазоворро касб накардаанд ва онҳо дорои имкониятҳои фаровони истифоданашуда мебошанд.

Ба иттилои Абдулло Ғаббош Амороти Муттаҳидаи Араб ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва оби ошомиданӣ ҳавасмандии амиқ дорад.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши муносиботи судманди гуногунҷанба таъкид доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.