– Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ қурби асъори тоҷикӣ (сомонӣ) нисбат ба доллари ИМА тақрибан 4,6% коҳиш ёфт, – гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба рушди иқтисоди Тоҷикистон.
«Қурби сомонӣ, ки дар доираи воридсозии маблағ (интервенсия) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дастгирӣ мешавад, дар ин давра нисбат ба асъори дигари минтақа камтар поин рафт», – қайд мекунанд муаллифони гузориш, аммо таъкид месозанд, ки имконоти Бонки миллӣ барои воридсозии маблағҳо маҳдуд аст, «зеро захираҳо дар сатҳи паст қарор доранд».
Дар гузориш зикр мегардад, ки дар ин давра қурби рубли русӣ ба андозаи 18,1% ва тангаи қазоқӣ – 18,6% поин рафт. «Заъифшавии асъори минтақавӣ фишор болои сомониро зиёд мекунад, вале аввали моҳи июл захираҳои байнулмилалии Тоҷикистон камтар аз 600 млн. доллари ИМА ё худ ҳудуди 1,2 моҳи воридоти маҳсулот ва хизматгузориҳоро ташкил медоданд. Барои пур кардани захираҳои байнулмилалӣ Бонки миллӣ захираҳои тилои ғайримонетарии худро ба тилои монетарӣ табдил дод, ки тадбири деринтизори аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор тавсияшуда аст», – гуфта мешавад дар гузориш.
Бино ба маълумоти БМТ, ахиран дар Тоҷикистон қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ боло рафта, дар ҳамин ҳол, қурби рубли русӣ нисбати сомонӣ дар ҳоли коҳишёбӣ аст.
Айни замон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 доллари ИМА 5,20 сомонӣ харидорӣ шуда, ба 5,22 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба 1 ҳазор рубли русӣ феълан ба ивази 140 сомонии аввали сол 122 сомонӣ маблағ пешниҳод мегардад.



