Дидори дипломати тоҷик бо вазири сайёҳии Миср



Дар Қоҳира гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо вазири сайёҳии ин кишвар Ҳишом Заъзуъ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Миср дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина, мусоҳибон мубодилаи мунтазами боздидҳои ҳайатҳои расмии мақомоти сайёҳии ду кишварро амри зарурӣ донистанд.

Гуфта мешавад, вазири сайёҳии Миср изҳори назар кардааст, ки Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои фарохе, ки дорад, метавонад, кишвари ҷолибу гиро барои сайёҳон аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон бошад.

spot_imgspot_img

Популярное