Озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангии сафорати ИМА

Date:



Сафорати  Иёлоти Муттаҳида озмуни Хазинаи сафиронро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ  ва таърихӣ, арзёбӣ  ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои  осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани  мавзеҳои  муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ  намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд. 

Гуфта мешавад, Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани  мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани  эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540000 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.

 Зимнан зикр мегардад, ки 12 ноябри соли ҷорӣ машварати  иттилоотӣ роҷеъ ба барномаи мазкур дар Гӯшаи Амрико вокеъ дар Китобхонаи милли дар ошёнаи 4-ум  баргузор мегардад. Ташкилотҳое, ки нияти дар озмун иштирок карданро доранд, метавонанд дар машварати мазкур иштирок намоянд. Маълумоти муфассал дар ин хусус дар сомонаи 

http://dushanbe.usembassy.gov/amb_fund.html

 қобили дарёфт аст.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 ноябри 2014 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супурда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. . Пешниҳоди  ҳуҷҷатҳо пеш аз муҳлати ниҳоӣ қобили қабул аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related