Имзои 4 созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин

Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуда, аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои босуръат рушдёбандаи ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноат карда шуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуда, аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои босуръат рушдёбандаи ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноат карда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз сатҳи хеле баланд ва пазироии гарми роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон, ки зимни сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон ва ҳамоиши душанбегии Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли равон зоҳир карда шуда буд, изҳори қадрдонӣ намуд.

Тавре зикр гардид, дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 40% зиёд аст. Изҳори бовар карда шуд, ки солҳои наздик ин нишондод аз 3 миллиард доллари амрикоӣ мегузарад.

Гуфтугӯйи судманд доир ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои зиёди миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин барои то соли 2020 сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки се ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон доир ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳосозии кишвари худ аз бунбасти коммуникатсионӣ “се ҳадафи стратегии ҳамшарикии Тоҷикистону Чин аст”.

Ба суръатбахшии татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми иқтисодӣ доир ба кашидани қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе, роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, навбати дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии қитъаи Қалъаи Хумб-Хоруғи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Чин ва корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бунёди корхонаҳои муштараки кӯҳкорӣ, металлургӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди инҳо аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвари ҳамсоя номида шуд.

Ҳамчунин ба дурнамои бунёди роҳи оҳани Чин-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон-Халиҷи Форс низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамгироии амниятии ду кишвар доир ба таҳким ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Созишномаи қолабӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа;

– Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он;

– Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли креолит, алминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар доираи навсозии ширкати Алюминийи Тоҷик.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.